САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РАШТ

Август 28, 2010 12:54

27 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба гурўҳи ноҳияҳои водии Рашт рафт. Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти коргоҳи  навбунёди дўзандагӣ, ки дар паҳлўи фурўдгоҳи ноҳия қарор дорад,  шинос шуд. Зимни боздид, аз ин коргоҳи нав иттилоъ дода шуд, ки дар он 60 нафар занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Айни ҳол онҳо асосан либосҳои занона медўзанд, вале барои ба роҳ мондани дўхти либосҳои мардона ва мактабӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Сипас бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ биноҳои наву боҳашамати филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо як бинои 5 ошёнаи таълимӣ, хобгоҳ, 9 хонаи истиқоматӣ барои омўзгорон ва бунгоҳҳои гармидиҳию трансформаторӣ бо харҷи 18 миллиону 560 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Айни ҳол дар филиали донишгоҳи омўзгорӣ 860 нафар донишҷў дар 2 факулта бо 6 ихтисоси омўзгорӣ таҳсили илм мекунанд. Ба онҳо 26 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба илм меомўзонанд. Бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои зебою муҷаҳҳаз, аз ҷумла ду синфи компютерӣ, ду синфи озмоишӣ ва шароити хуби дигари илмомўзӣ мебошад. Дар хобгоҳи филиал барои  366 донишҷў ҷойи зиндагию дарстайёркунӣ омода гаштааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷўён мужда расонд, ки дар зарфи 3-4 соли оянда дар ин ҷо як толори барҳавои варзишӣ ва боз як бинои таълимӣ ва як хобгоҳи дигар низ бунёд меёбанд ва он вақт филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ ба донишкадаи мустақили омўзгории минтақаи Рашт табдил  хоҳад ёфт. Аз ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки яке аз минтақаҳои зеботарини Тоҷикистон ба шумор меравад, ташриф оварда, нахуст оромгоҳи олиму донишманд ва мутафаккири асри 19 – и мелоди Мавлоно Муҳаммадшарифро зиёрат намуд. Дар ҳамин мавзеи хушманзара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзони хоҷагии деҳқонии тухмипарварии Камароб аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум гашт, хоҷагӣ дорои 32 гектар замини обӣ мебошад ва дар 20 гектараш картошка кишт шудааст. Аҳли хоҷагӣ аз ҳар гектари картошка 450 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Заҳматкашони хоҷагӣ ҳамчунин бо парвариши замбўри асал, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ низ машғуланад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки баҳри ривоҷ додани тухмипарварӣ дар чунин мавзеъҳои хушобуҳаво тадбирҳои муассир андешанд, то ки дигар минтақаҳо низ бо тухмиҳои хушсифати картошка таъмин карда шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.        

Август 28, 2010 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон