САРАЗМ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОНӢ ШОМИЛ КАРДА ШУД
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар иҷлосияи 34 Кумитаи байналмилалии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар пойтахти Бразилия идома дорад, ёдгории таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саразм ба феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуд. Бояд зикр кард, ки ёдгории таърихии Саразм дар шимоли Тоҷикистон, дар ноҳияи Панҷакент воқеъ буда, таърихи 5 ҳазорсола дорад. Ин ёдгории беназири таърихӣ ба хотири арзиши бебаҳои фарҳангӣ доштанаш ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст. Дар назар аст, Боғи миллии Тоҷикистон, ки кӯҳҳои Помирро дар бар мегирад, низ ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил карда хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






