САВДОИ КӮЧАГӢ АЗ БАЙН БУРДА МЕШАВАД
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати дар пойтахт аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» чораҳои муассир андешида мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин тадбир бо мақсади таъмини амнияти истеъмолии шаҳрвандон, тақвияти фарҳанги савдою тиҷорат дар қаламрави шаҳр ва баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ ба роҳ монда мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






