СЕМИНАРИ КАРТОШКАПАРВАРОН ДАР НОҲИЯИ МАСТҶОҲ

Август 11, 2010 13:07

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президент ва омӯхтани таҷрибаи  картошкапарварони ноҳияи Мастчоҳ  9 августи соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки  мутахассисону олимони соҳаи картошкапарварӣ  семинари  машваратии  ҷумҳуриявӣ   баргузор гардид. Семинарро муовини вазири кишоварзӣ Ш.Раҳимназаров   оғоз намуд. Сипас, директори Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Т.А.Ахмедов дар мавзӯи «Технологияи парвариши картошкаи тухмӣ», сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ В.С.Мадаминов дар мавзӯи «Роҳҳои муҳофизати картошка аз касалиҳо ва ҳашароти карантинӣ», мудири щӯъбаи ҳимояи растаниҳои Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҷалилов дар мавзӯи «Роҳҳои муҳофизати картошка аз касаливу ҳашароти зараррасон», сардори Бозрасии назорати давлатии тухмӣ  М. Насриддинов дар мавзӯи «Назорати сифат, стандартизатсия ва сертификатсияи картошкаи тухмӣ» суханронӣ намуданд. Инчунин, ду роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва як нафар мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба таҷрибаи рӯёнидани ҳосили баланди картошка, муовини роҳбари лоиҳаи Агроаксияи Олмон дар водии Зарафшон  С.Ҷӯраев  оид ба ҳолати имрӯзаи «Рушди тухмипарварии картошка дар водии Зарафшон»  ба ҳозирин ибрози ақида  намуданд.  Дар  семинар  намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии  вилояти Хатлон, ВМКБ ва водии Рашт иштирок доштанд. Онҳо аз таҷрибаву малакаи  муфиди мутахассисони картошкапарварии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳравар шуданд. Дар охир  иштирокчиёни семинар  майдонҳои  картошказори хоҷагиҳои деҳқонии «Худгиф», «Д.Шарипов»  ва «Ревомутк» -ро аз назар гузаронида, бо таҷрибаи деҳқонони Масчоҳ аз наздик шинос шуданд.                                            

Август 11, 2010 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад