СЎҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО Қ. РАСУЛЗОДА ВА Р. РАҲМАТОВ

Август 27, 2010 09:52

Субҳи имрўз 27 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суѓд Қоҳир Расулзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов сўҳбати телефонӣ анҷом дод.     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро шунида оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар ба мардуми осебдида кўмаки зарурӣ ва саривақтиро расонанд. Таъкид гардид, оид ба бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кўмакҳои моддию молиявӣ ба аҳолии зарардида тадбирҳои судбахш андешанда шаванд ва ҳамчунин ба оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгашта барои бунёди хонаҳои нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суѓд кўмак намоянд. Ҳамзамон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Август 27, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад