ТӮҲФА БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Август 6, 2010 17:10

Ҳамадонӣ, 6 август. ( АМИТ « Ховар», Сулаймон Холов). Дар тӯли солҳои  соҳибистиқлолии мамлакат дар пасманзари тадбирандешиҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат ҷиҳати   рушди соҳаи маорифи кишвар  сатҳу сифати таълиму тарбия   боло рафтаву як қатор  муассисаҳои таълимӣ   таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  айни замон дар қатори  бунёди якчанд иншооти маъмурию маишӣ  сохтмони мактаби хуштарҳу замонавӣ дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонии барои иншооти мазкур, ҷудогардида беш аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ азхуд карда шуда , корҳои сохтмониро бинокорони  Ширкати масъулияташ маҳдуди « Махсус» ба ӯҳда доранд.          Мактаби нав, ки барои ба таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар 2 баст  пешбинӣ гардидааст,дорои синфхонаҳои кушоду барҳаво, озмоишгоҳҳои  таълими физикаю химия , толорҳои маҷлисию варзишии муосир буда,  айни ҳол дар  ин ҷо  охирин корҳои сохтмонӣ,  аз қабили  рангуборкунӣ,  кабудизоркунии гирду атроф ва саҳни мактаб бо сифати баланд  ба анҷом расонида мешаванд. Тибқи иттилои масъулин ҷиҳозонидани мактаб бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ҷараён дошта, иншоот    оғози соли нави хониш мавриди истифода қарор мегирад.              

Август 6, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад