ТАДБИРҲОИ ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Август 11, 2010 13:55

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон таҳти унвони «Гузаронидани тадбирҳои фарҳангӣ ва оммавии тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор» рӯзҳои 10 ва 17 августи соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент бахшида ба пурзӯр намудани мубориза ба муқобили маводи нашъадор ҷамъомадҳои оммавӣ баргузор месозад. Инчунин ҷамъомад имрӯз дар маркази вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар он намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун ширкат меварзанд. Агентӣ бо ин мақсад гурӯҳи калони ташвиқотиро ташкил намуд. Ба он духтурон, мутахассисони нашъашинос, равоншиносон, ҳунармандон, намояндагони ташкилотҳои динӣ ва гурӯҳи масхарабозони «Лаҳзаҳои гуворо» шомил  гардиданд. Аъзои гурӯҳ дар назди аҳолӣ, донишҷӯён, талабагон ва намояндагони корхонаю ташкилот роҷеъ ба зарари ҳалокатовари истеъмоли маводи нашъадор сухан ронда, вобаста ба ин мавзӯъ саҳначаҳо намоиш медиҳанд. Дар ҷараёни сафар барномаҳои консертӣ, саҳнаҳои гуногун ва мусобиқаи викторина ташкил карда мешавад. Ба ғолибони он аз ҷониби ташкилкунандагони ҷамъомад тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад. Ҳадафи ин тадбир ташвиқу тарғиби ҷавонон дар рӯҳияи ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим мебошад.       

Август 11, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад