«ТОҶИКИСТОН»-МИНБАРИ АФКОРИ НАВИН

Август 25, 2010 11:39

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шумораи навбатии маҷаллаи «Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки дар саҳифаҳои аввали он иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фаъолияти Президент аз 5 июл то 5 август инъикос ёфтааст. Дар саҳифаҳои дигари ин маҷалла навидҳои фарҳангӣ, тасаллияти Вазорати фарҳанг нисбат ба марги сарояндаи маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозим ва мақолаву гузоришҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҷой дода шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки «Тоҷикистон» ягона маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ буда, минбари афкори навине аст, ки дар он аз рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи мамлакат ва илму фарҳанг маводи хонданию ҷолиб нашр мешаванд. Мавриди ёдоварист, ки нашри маҷаллаи «Тоҷикистон» соли 1938 оғоз гардида, ҳоло дар як сол 6 маротиба чоп мешавад. 

Август 25, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад