«ТОҶИКСТАНДАРТ» АЗ САНҶИШ БА ТАБЛИҒ МЕГУЗАРАД
Душанбе. 11-уми август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам хубтар ба танзим даровардани фаъолияти бозорҳо қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар ҳамаи бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа қариб 400 тарозуро ғайристандартӣ дониста, аз фаъолият бароварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд. Роҳбарияти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба хотири ҳидояти соҳибкорону тоҷирон ба адлу инсоф ва саховатмандӣ, бо қарори махсус дар моҳи шарифи Рамазон гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорону корхонаҳоро манъ кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






