ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 16 сентябри соли 2010 ш. Душанбе № 460 Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д: Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 16 сентябри соли 2010 ш. Душанбе № 459 Дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д: 1) Нақшаи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 2) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: — бо тартиби муқарраргардида якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси Нақшаи мазкур тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳидшавии институтҳои Академияро ба расмият дарорад; — бо дарназардошти таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохтор ва Нақшаи идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Раиси Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон Э.Раҳмон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






