Қ. РАСУЛЗОДА ҚАРОРРО ДАР БОРАИ СОХТМОНИ НЕРӯГОҲҲОИ НАВ БА ИМЗО РАСОНД

Сентябрь 13, 2010 09:25

     Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» қарори махсус ба тасвиб расонд.    Мутобиқи қарори мазкур бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, аз қабили «Дашти Оббурдон»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА, «Зеробод»-и ноҳияи Айнӣ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА, «Пунғус»-и ноҳияи Ашт бо арзиши 72 ҳазор доллари ИМА, «Басманда»-и ноҳияи Ғончӣ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.     Инчунин, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии миёна, аз ҷумла «Ворух» дар ноҳияи Исфара бо арзиши 600 ҳазор доллари ИМА, «Катасой»-и ноҳияи Истаравшан бо арзиши 3 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА, «Падруд» дар ноҳияи Панҷакент бо арзиши 1 миллиону 361 ҳазор доллари ИМА, «Падаск»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо арзиши 1 миллиону 56 ҳазор доллари ИМА, «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо арзиши 3 миллиону 433 ҳазор доллари ИМА, «Хитой» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо арзиши 3 миллиону 600 доллари ИМА ва амсоли инҳо бо сармояи ватаниву хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд.

Сентябрь 13, 2010 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад