ҲУНАРИ ВОЛОИ МАШШОТАҲО
Файзобод,23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Дар ноҳияи Файзобод бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи занон ва назди оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Файзобод Саида Раҷабова даври дуюми озмун дар маркази ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Дар озмуни «Чакомаи гесӯ» анъанаҳои миллӣ, чун парвариши мӯйи духтарон, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ мӯйи дароз хеле кам ба чашм мерасад, донистани фарҳанги миллати тоҷик, инчунин, шеърдонию шеърхонӣ аз асарҳои шоирони классики тоҷик нишон дода мешаванд. Саида Раҷабова афзуд, ки дар озмуни «Чакомаи гесӯ» намояндаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Мавлуда Оймаҳмадова иштирок намуд ва ба ҳунару истеъдоди машшотаю тарроҳони файзободӣ баҳои баланд дод. Ғолибони озмун барои иштирок намудан дар озмуни ҷумҳуриявӣ,ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






