ҶАМЪОВАРИИ ДУРРИ ГАРОНБАҲО
Кӯлоб, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар хоҷагиҳои пахтакори мамлакат маъракаи ҷамъоварии ҳосили парвариш намудаи марди деҳқон оғоз гардид. Яке аз аввалинҳо шуда деҳқонони хоҷагии калонтарини тухмипарварии ноҳияи Кӯлоб-хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд. Бояд гуфт, ки хоҷагии мазкур аксари хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ва минтақаро бо тухмии хушсифат таъмин менамояд. Дар қитъаи Сангпар деҳқонон дар майдони 71 гектар пунба кишт намуда, ҳосили хеле фаровон рӯёниданд ва азм доранд, ки ҳосили парваридаро пурра ҷамъоварӣ намоянд. Қобили зикр аст, ки дар хоҷагии мазкур имсол дар майдони 1100 гектар пахтаи навъҳои Сорбон, Ирам, ориёӣ ва супер-элита кишт намуда, қоидаҳои агротехникиро сари вақт гузарониданд. Имсол кишоварзони ноҳияи Кӯлоб дар майдони 3 ҳазору 169 гектар пахта корида, мақсад доранд, ки беш аз 6300 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намуда, дар беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат, таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хоми пурарзиш ва баровардани он ба хориҷи кишвар саҳми худро гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






