ҶАРОҲАТИ 25 НАФАР БАР АСАРИ ТАРКИШ

Сентябрь 3, 2010 12:28

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тахминан  соатҳои  8.00 дақиқаи  3 сентябр ҳангоми ба ҳудуди бинои маъмурии Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ  ворид гардидани ду автомашинаи хизматии ин идора ва пӯшида шудани дарвозаҳои даромад ногаҳон автомашинаи тамғаи ГАЗ-24 бо суръати баланд дарвозаро зада , ба саҳни ҳавлӣ ворид гардида метаркад.      Аз таркиши мазкур 25 нафар кормандони Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд. Ба қисми зиёди афроди ҷароҳатбардошта ёрии таъҷилӣ расонида шуда, боқимонда ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд равон карда шуданд.  Бинои маъмурӣ аз таркиши мазкур сахт осеб дидааст. Аз рӯи маълумоти пешакӣ амали мазкур аз тарафи ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори собиқ директори  бозори Исфара Каримов Ҳомидҷон Обидович, ки эҳтимолияти ба Ҳаракати Исломии Узбекистон мансуб буданашон    мавҷуд аст, содир карда шудааст.        Бо ин амали худ мақсад доштанд, ки ба амалиёти тафтишотӣ доир ба санҷиши нишондодҳои гумонбаршуда халал расонида, панҷ нафари дастгиршудагонро аз ҷавобгарӣ гурезонанд.   Ҳодисаи мазкур таҳти санҷиш қарор дошта, аз рафти тафтиш ва натиҷаҳои санҷиш муфассал иттилоъ дода мешавад.

Сентябрь 3, 2010 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад