200 НАФАР БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Сентябрь 4, 2010 11:25

Бегоҳии рўз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид, ки зимни он наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳо, унвонҳои олӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.Зимни маросими мукофотсупорӣ нахуст як нафар бо ордени Дўстӣ, 6 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 15 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 1 нафар бо медали Ҷасорат, 56 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 8 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.Ҳадиса Қурбонова бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Майрамой Турсунова бо унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Султон Наврўзов бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 5 нафар ҳунармандони маъруфи мамлакат бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба 31 нафар ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.Зимни ин маросим ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаҳои давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ба шарафмандшудагони онҳо супурда шуд.

Сентябрь 4, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд