700 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА КУҶО ШУД?
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 300 ҳазор тоннаро ташкил дода, айни замон дар як рӯз 6302 тонна ва аз аввали мавсим 74 ҳазору 303 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Бо даъвати ҳашарчиён ба ҷамъоварии ҳосил суръати бештар бахшида шуд. Ҳар рӯз 138 ҳазору 810 нафар саҳмдорон ва 8892 нафар ёрдамчиён дар ҷамъоварии ҳосили пахта ширкат меварзанд. Боис ба ёдоварист, ки ибтидои солҳои 70 –уми асри XX дар ҶТ ҷамъоварии пахта ба 1 млн. тонна расида буд, ки аз он мардум фоидаи зиёд медид. Пас саволи матраҳ он аст, ки чаро мардум барои фоидаи худ амал накарда, майдони кишти пахтаро то рафт кам мекунанд? Дар сурате, ки аз 1 тонна нахи пахта садҳо метр газвор, равған, хӯроки чорво ва даҳҳо чизи дигар истеҳсол кардан мумкин аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






