БА ПОЙТАХТ НАЗДИК ВА АЗ МАРКАЗИ НОҲИЯ ДУР
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Пиров, то охири соли 2012 дар шаҳраки навбунёди Ваҳдати ноҳияи Ванҷ беш аз 187 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Бо иттилои ҳамин манбаъ, дар маҳаллаи нав, ки номи шаҳраки Ваҳдатро ба худ гирифтааст, аллакай 54 оила, ки бар асари заминларзаи дар моҳи январи соли ҷорӣ зарар дида буданд, соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гардиданд. Дар даҳаи аввали моҳи сентябр дар шаҳраки навбунёд мактаб барои 240 ҷои нишаст, марказҳои тандурустӣ ва савдо ба кор оғоз намуданд. Акнун сокинони шаҳраки нав 25 километр ба пойтахти ҷумҳурӣ наздиктар шуда, ҳамин қадар километр аз маркази ноҳия дур шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






