БАРРАСИИ МАСИРИ ҲАҶ ДАР ОСИЁ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии минтақавии серӯза дар мавзӯи «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 бо иштироки мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ ба кори худ оғоз кард. Семинарро Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ бахшида, ҳайати иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Зимн суханрониаш вазири фарҳанг баргузории ин гуна семинарҳои омӯзиширо муфид шуморида, қайд кард, ки мавсими Ҳаҷ барои покшавии инсонҳо аз гуноҳҳо, навсозии паймон ва имон ба Худованд фурсати хеле ҳам муносиб дониста мешавад. Дар кори семинар мутахассисону донишмандони соҳаи дин аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Иштирокчиёни семинари «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» тайи се рӯз ҷанбаҳои тамаддунӣ ва фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ, иқтисодии масири Ҳаҷ дар кишварҳои Мовароуннаҳр, аз нав эҳё кардан ва анҷом додани роҳҳои Ҳаҷро баррасӣ мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур аҳамияти ҳаҷ дар ҳаёти мусулмонон, арзиши таърихӣ ва рамзии роҳҳои адои он, ташаккули пулҳо ҷиҳати пайвастшавии мардумон ва халқиятҳои гуногуни уммати Ислом мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






