БЕҲТАРИН КОРХОНАИ САНОАТӢ СОҲИБИ ҶОИЗА МЕГАРДАД
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти чунин унвон 18 сентябри соли равон дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст карда мешавад. Озмуни мазкур бо ибтикори Агентии «Тоҷикстандарт» дар ду давр гузаронида шуда, даври аввали он дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъбаст гардид. Тибқи иттилои корманди масъули Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров, ҳадаф аз гузаронидани озмуни мазкур рушди истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, тақвияти иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии иқтидори саноати ватанӣ мебошад. Дар озмун беш аз 100 корхонаи саноатӣ ва ширкатҳо иштирок доранд. Озмун аз рӯи чор номгӯй –маҳсулоти озуқаворӣ, саноатӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ, таъиноти истеҳсолӣ- техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ гузаронида мешавад. Ғолибони даври аввали озмун ба даври ҷумҳуриявии он роҳхат гирифтаанд Дар рӯзи ҷамъбасти озмун, ҳамзамон, намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ташкил карда мешавад. Ба ғолибони озмун ҷоизаи маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои махсус ва ҳуҷҷати расмии иштирокчии озмун тақдим карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






