БОЗДОШТИ ҚОЧОҚЧИЁН БО «ФОЛКСВАГЕН»

Сентябрь 22, 2010 16:48

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 сентябри соли ҷорӣ Идораи Федеролии полиси криминалии Олмон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се адад автомашинаи тамғаи «Фолксваген» тӯҳфа намуд. Дар маросими супоридани нақлиёт Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Дорис Хергрампф ва директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ширкат намуданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳамкориҳои судбахши дуҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо Идораи Федеролии полиси криминалии Олмон аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегиранд. Тӯли ин муддат идораи мазкур ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Агентӣ дар таъмини воситаҳои техникиву ташкилӣ, ташкил ва гузаронидани амалиёти ҳарсолаи байналмиллалии «ТАРСЕТ», омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз тариқи ташкили семинарҳо ва омӯзишҳои мухталиф, ҳамчунин, курсҳои дарозмуддат кӯмакҳои зиёд кардааст. Воситаҳои техникаи имрӯз супоридашуда имкон медиҳанд, ки самаранокии фаъолияти қисмҳои фаврии Агентии назорати маводи нашъаовар баланд гардад.      

Сентябрь 22, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад