ЧОРАБИНИИ ДИЛПАЗИР
Шаҳраки Сомониён,24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Таҷлили рӯзи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ бо баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» рост омад. Бояд гуфт,ки ин ду чорабинии фарҳангӣ бо иштироки фаъолонаи тамоми сокинони ҷамоатҳо дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид. Намояндагони ҳамаи ҷамоатҳо бо намоиши маҳсули дастони занони ҳунарманди ҳудуди ҷамоаташон, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бахиядӯзӣ, зардӯзӣ ва ғайра ҳунарҳои мардумиро манзури тамошобинон намуданд. Садо додани ашъори баландғояи устод Рӯдакӣ чорабиниро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Ёдовар мешавем,ки имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






