ДАР ҲИФЗИ ШИРАИ КАМОЛ

Сентябрь 27, 2010 10:34

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Ҳасан Амиров, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ сохтани Қонун «Дар бораи ҳифзи табиат» дар 567 ҳолат ашхоси алоҳидаи ба қонуншикании  экологӣ роҳдода, ба  андозаи 37 ҳазору 235 сомонӣ ҷарима баста шуданд.    Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 226 навъи рустанӣ ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Камол яке аз чунин рустаниҳои нодиртарин маҳсуб меёбад, ки он асосан дар қаламрави  қисмати ҷанубии Тоҷикистон – дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ,  Фархор, Данғара ва Темурмалик рушду нумӯъ менамояд.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, қонуншиканони экологӣ дар давоми соли 2008 – 2009 дар масоҳати 141,4 гектар ба миқдори 66 ҳазору 407 адад камолро аз байн бурданд. Бо мақсади барқарорсозии зарари ба табиат расонидашуда, соли 2009 бо супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз хоҷагиҳои деҳқониии навоҳии Данғара, Темурмалик ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор тухмии камол ҷамъоварӣ   шуда, дар майдони 53 гектар кишт карда шудааст.    Боиси тазаккур аст, ки бо  мақсади ҳифзи шираи камол аз 28 – уми  августи соли 2009  Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими ҷамъоварии шираи камол» ба тасвиб расонида шудааст, ки тибқи он содироти шираи камол дар шакли ашёи хом манъ карда шудааст.

Сентябрь 27, 2010 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад