Э.РАҲМОН ДАР ИФТИТОҲИ ДУБОРАИ ФУРӮДГОҲИ АЙНИ

Сентябрь 3, 2010 16:10

Аз қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фурўдгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиа ташриф оварда, онро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фурўдгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи мамлакат, ки тайи чанд соли ахир бо кўмаки техникӣ ва маблағгузории Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди навсозӣ ва таҷҳизу такмил қарор гирифт, расман ба истифода супурда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳбарият ва ҳайати шахсии қувваҳои ҳарбии ҳавоии мамлакатро бо солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дубораи фурўдгоҳи низомӣ табрику таҳният гуфт. Зимни шиносоӣ бо имконоти имрўзаи фурўдгоҳ, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти муҳими низомӣ аз ҷониби мутахассисони тоҷику ҳинду тайи чанд сол бо харҷи 70 миллион доллари амрикоӣ навсозӣ ва бо техникаю таҷҳизот ва шароити муосири ҳавонавардию навигатсионӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Фурўдгоҳи низомии Айнӣ имрўз ба бузургтарин ва тавонотарин фурўдгоҳҳои кишвар табдил ёфтааст, зеро дарозии хатти парвозу нишасти он баробар ба 3200 метр буда, тавре устувору мустаҳкам карда шудааст, ки метавонад тамоми намуди ҳавопаймоҳои дар ҷаҳон мавҷударо қабул намояд. Фурўдгоҳи мазкур имрўз дорои маркази идораи парвозҳо ва маркази навигатсионии бо техникаю таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштааст ва кораш бо сохторҳои дахлдори дигар фурўдгоҳҳо ва марказҳои навигатсионии мамлакат ҳамоҳанг карда шудааст. Дар фурўдгоҳ ҳамчунин як бинои муҷаҳҳази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар он афсарону сарбозон ва дигар мутахассисони  қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ метавонанд пайваста донишу маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд. Дар ин ҷо ҳавонавардони ҷавон ҳатто чун муассисаҳои олии таълимии ҳавонавардӣ имкон доранд, ки қабл аз парвоз бо ҳавопаймои воқеӣ маҳорати касбии худро  дар утоқи махсус бо  модели компютерии ҳавопаймо мавриди санҷиш ва такмил қарор бидиҳанд. Чунонки иттилоъ дода шуд, тамоми роҳҳои барои гашти ҳавопаймою чархболҳо ва техникаи автомобилӣ пешбинишудаи ҳудуди фурўдгоҳ ва ҳамаи дигар биною иншооти он навсозӣ шудаанд.  Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби ёддошт аз ташрифи меҳмонони олимақом соядаст гузошта, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёд ва таҷҳизу такмили ин фурўдгоҳ саҳм гузоштаанд, аз ҷумла ба ҳукумат ва мутахассисони ҷумҳурии ҳиндустон арзи сипос намуд.

Сентябрь 3, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад