ФАЪОЛИЯТИ ХУБИ БАРӮЙХАТГИРОН
Файзобод,29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Тавре сардори раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Саъдулло Ятимов ба мухбири АМИТ «Ховар » иттилоъ дод,мақомоти маҳаллии омори ноҳия дар 7 шӯъбаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил,60 қитъаи дастурдиҳӣ,226 қитъаи баҳисобгирии рӯйхати аҳолӣ корро бо низоми муайян ба роҳ мондаанд. Бояд гуфт,ки тибқи маълумот дар як рӯз нақшаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ноҳия 11 фоиз иҷро мегардад.То рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳия 54 ҳазору 330 нафари аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд. Саъдулло Ятимов афзуд,ки то санаи охирини барӯйхатгирӣ,яъне то 30 сентябр ин маърака дар ноҳияи Файзобод пурра ба анҷом мерасад. Зикр кардан ба маврид аст,ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ кормандони шӯъбаҳои бақайдгирии рақамҳои 1,2,4 ва 5 фаъолона меҳнат намуда,аз ӯҳдаи кори хеш ба хубӣ баромаданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






