ФАЪОЛИЯТИ ПАСТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Сентябрь 20, 2010 16:02

         Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ аз 844 корхонаи истеҳсолӣ 452 корхона ва ё 53,6 фоизи онҳо аз сатҳи истеҳсоли  моҳҳои январ – августи соли 2009 бештар маҳсулот бароварданд.             Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, 46,4 фоизи корхонаҳои истеҳсолӣ аз нақша кам  маҳсулот  баровардаанд ва ё умуман истеҳсол накардаанд. Дар давоми 8 моҳи соли 2010 аз 13 корхонаи истеҳсолии ВМКБ 5 корхона, дар вилояти Суғд аз 250 корхона 141, Хатлон аз 256 – 128, Душанбе аз 228 – 137, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 151- 75 корхона аз нақша бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд.             Бояд тазаккур дод, ки дар давоми 8 моҳи сипаришудаи соли 2010 миқдори корхонаҳое, ки пурра аз кор бозистодаанд , ба 143 адад мерасанд.   Танҳо дар моҳи августи соли 2010 329 корхона аз фаъолият бозмондаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон корхонаҳои ҶММ «Консерва», «Нури Дилшод», ҶСШК «Кӯҳандиз», «Шариф», «Орди Ғозималик», дар вилояти Суғд ҶДММ «Гулистон», «Бародар», «Вализода», «Дорис», дар ВМКБ корхонаи муштараки «ВТ — Помир» чун корхонаҳои азкормонда ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин,  дар  моҳҳои январ – августи соли 2010 аз 78 намуди асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 38 номгӯй афзуда бошад ҳам,  истеҳсоли  29 номгӯй   кам шуда, аз рӯи 11 номгӯй маҳсулот истеҳсол   нашудааст.

Сентябрь 20, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад