ФУРӮШАНДАГОНИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД

Сентябрь 17, 2010 14:09

     Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-6 ҳазору 450 кг доруҳои мӯҳлатгузашта, қалбакӣ ва пастсифат, инчунин 550 кг маводи ороишии гигиенӣ дар партовгоҳи беруназшаҳрӣ аз ҷониби кормандони Ҳадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзонида несту нобуд карда шуд. Доруҳо ва маводҳои ороишии мӯҳлаташон гузаштаю пастсифат ва қалбакӣ дар натиҷаи мунтазам гузаронидани  назорати сифат дар бозорҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ва аттории пойтахт ошкор ва мусодира карда шуд.         Сардори бахши иттилоотии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ Бибихонум Дарвешзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Хадамот барои боз ҳам баландтар бардоштани  сифати дорувории ба кишвар воридшаванда саъю талош намуда, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.       Мавсуф афзуд, ки дар ҳамоҳангӣ  бо Хадамоти назорати  давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ як қатор ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ,  ба мисли «Ҳалим 2002», «Дармонкомпания», «Раҳмат-2004», «Абӯбакри Карим»,  «Квант» ва «Технологияи хурди биологӣ» низ доруҳои  мӯҳлаташон гузаштаро  нобуд сохтанд.          Бибихонум Дарвешзода афзуд, ки Хадамоти назорати давлатии  фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ минбаъд низ назорати сифатро  аз болои воридот ва фурӯши  доруворӣ, лавозимоти тиббӣ  ва маводи атторӣ пурзӯр мегардонад. Мутобиқи  қонунҳои амалкунанди  кишвар шахсонеро, ки  ба фурӯш ва  воридоти  дорувории қалбакӣ, пастсифат ва мӯҳлаташ гузашта машғуланд аст ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.          

Сентябрь 17, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад