ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ 12 ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ БУНЁД КАРД

Сентябрь 17, 2010 14:12

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои аз офати табиӣ зарардидагони минтақаи Кўлоб 12 хонаи истиқоматӣ бунёд намуда, рӯзи 16 сентябр ба Комиссияи қабули хонаҳо пешкаш намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, фурудгоҳи Душанбе тибқи нишондоди Комиссияи минтақавӣ оид ба бунёди хонаҳо сохтмони 10 адад хонаро бар ўҳдаи худ гирифта, ба бунёди 6 хона дар деҳаи Қайқидашти ҷамоати Меҳнатобод ва 4 хона дар деҳаи Дашти дилии ҷамоати Пахтаобод шурўъ кард. Илова бар ин, Директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов аз ҳисоби пасандозҳои худ сохтмони як хонаро бар ўҳда гирифт ва ташаббуси ўро ҳамкори фаронсавиаш директори сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе Фредерик Фанту дастгирӣ намуд. Ҳамин тариқ, ду хонаи дигар дар деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ сохта ба истифода дода шуд ва дар маҷмўъ фурудгоҳи Душанбе ба зарардидагон 12 хонаи истиқоматӣ сохт. Дар мавриди ҷиҳозонидани хонаҳо низ бояд гуфт, ки лавозимоти зарурӣ аз қабили гилему курпачаву болишт, ва дигар асбоби рӯзгор харида шудааст. Дар сўҳбат Хулпӣ Химкиева, Сафаралӣ Муқимов, Маҳмадулло Зарифов, Бобоҷон Нуралиев ва Асадулло Пирназаров, ки аллакай ба хонаҳои нав кўчидаанд, ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ғамхории ҳамарўза миннатдории худро баён намуданд.             Комиссияи қабули хонаҳоро Директори агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов роҳбарӣ кард. Масъулини мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ дар ҳайати муовини раиси ноҳия Нурулло Мирзоев, сармеъмор Отабек Муқимов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Сайвалӣ Собиров, масъули соҳаи барқ Мирзо Одинаев намояндаи ҳифзи муҳити зист Шамсиддин Абдуразоқов, сардори стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ Маҷобир Носиров ҳамаи 12 хонаҳоро аз назар гузаронида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.             Хонаҳоро ширкатҳои сохтмонии  «Авиастрой», «Алкон Душанбе», «Промстройсервис», ҶС «Ҷалил», ҶС «Файз» сохтаанд. Бино ба гуфти фармоишгар коргарони маҳаллӣ таҷрибаи хуби корӣ  дошта, дар муҳлати муқарраршуда, бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ хонаҳоро бунёд кардаанд.                      

Сентябрь 17, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад