ХИСОРОТИ ЗАРАР БАРҚАРОР МЕШАВАД.
Бадахшон, 1 сентябр. ( АМИТ «Ховар»,Л. Додо). — Гурӯҳи корӣ тањти сарпарастии раиси ВМКБ, ки дар ҳайати он намояндагони ташкилотҳои СММ ва Бунёди Оғохон шомил буданд, аз водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки дар масофаи беш аз 200 км тӯл кашидааст, дидан намуданд. Боришоти рўзњои охир дар Бадахшон ба амал омада ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят хисороти зиёд расонид ва бисёр мавзеъњои ин водиро хароб гардонид. Бар асари валангор гардидани пули мањаллї боғу ҷамоатҳои деҳоти Савнобу Басид дар муҳосира монданд, зеро роҳи дигари аз ин ҷо баромадан набуд. Дар деҳаи Басид 6 хона пурра хароб гардид. Дар масофаи сад км роҳи мошингард зери об монд. Ба хотири барқароркунии оқибатњои офати табиӣ тамоми техникаи роҳсозии кормандони идорањои роҳсозӣ ва хоҷагии оби вилоят вориди водии Бартанг гардиданд то пулҳову роҳњои зарардидаро таъмир намоянд. Айни замон сокинони қарияњои Боғу ва Рид бо хаймаҳои истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, баробари кушода шудани роҳ 12 тонна орд, 450 кг равған, 1273 кг чой њамчун кўмаки аввалин ба сокинони ин ноњияи зарардида расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






