КИТОБХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАНД?
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мубодилаи афкор дар мавзӯи «Китобхонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна бояд бошанд?» баргузор гардид. Дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок намуда, дар мавриди вазъи кунунии фаъолияти китобдорӣ ва китобхонии аҳолӣ сухан ронд. Дар вохурӣ ҳамчунин, пиромуни сохтори нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муаммоҳои рӯ наовардани кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобу китобхона, вазъи таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо маводи чопӣ, электронӣ ва мутахассисон, ҳамчунин, масъалаи чопи китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон сухан рафт. Мақсад аз баргузории мубодилаи афкор беҳтару бештар шинос кардани насли наврас бо таърихи миллат, дастовардҳои Истиқлолияти миллиӣ, мероси баландпояю гаронбаҳои ниёгон ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






