КОРКАРДИ ПАХТА ДАР « МУХТОР-С»
Фархор, 20 сентябр. АМИТ«Ховар», Сулаймон Холов). — Филиали ҶДММ «Мухтор-С»-и ноҳияи Фархор ба коркарди пахтаи соли 2010 шурӯъ намуд. Маҳмадӣ Ҳомидов,директори корхонаи мазкур вобаста ба ин мавзӯъ гуфт,ки то ин муддат ба корхона аз тарафи хоҷагиҳо 900 тонна пахта ворид гардида,600 тоннаи он коркард шудаву аз он 34% нахи соф гирифта шуд. Тибқи иттилои ин манбаъ корхона дар ду баст фаъолият дошта,дар он беш аз 200 нафар коргарон ба коркарди пахта сафарбар гардидаанд. Ҳомидов зикр намуд,ки ашёи хом бо пули нақд харида шуда,ба ҳар тонна пахта 630 долларӣ маблағ пардохта мешавад. Мавриди зикр аст,ки имсол воридоти пахта ба корхона зиёд гардида, шартномаи тарафайни хоҷагиҳои деҳқонӣ бо корхона низ афзудааст. Қобили тазаккур аст,ки корхона аз пардохти андози ҳифзи иҷтимоӣ ва барқ қарздор набуда,баръакс ба нозироти андози ноҳия 20 000 сомонӣ пешпардохт намудааст. Дар дохили корхона сехи коркарди равған ва заводи хурди ордбарорӣ мавҷуд аст. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтаанд,ки дар оянда дар корхона фабрикаи мурғпарварӣ ва сехи чӯҷабарорӣ таъсис диҳанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






