М. УБАЙДУЛЛОЕВ МУШКИЛОТИ СОКИНОНРО ОСОН ГАРДОНД

Сентябрь 30, 2010 16:43

           Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев беш аз 20 нафар сокинони пойтахтро, ки  муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони  Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро наёфта буданд, ба ҳузур пазируфт.         Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе   Шавкат Саидов, мӯҳтавои асосии муроҷиати сокинонро дастрасӣ ба  манзили  истиқоматии иҷоравӣ ва қитъаи замин  барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳияти  шаҳрдорӣ нисбат ба ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуд.        Дар робита ба пешниҳоди манзили истиқоматии иҷоравӣ муқаррар гардид, ки минбаъд шаҳрдорӣ,  аз ҳисоби  фонди манзили коммуналӣ хонаҳои иҷоравиро танҳо барои  ниёзмандони  муассисаҳои  аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ  ё ноҳиявӣ маблағгузоришаванда ҷудо менамояд. Тақсимоти он дар асоси  комиссияи марбутаи шаҳрӣ ҷараён мегирад.

Сентябрь 30, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад