МАҲСУЛОТИ АРЗОН ДАР «САХОВАТ»
Кӯлоб, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). -Дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба 19-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди саиди Фитр ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил карда шуд, ки дар он асосан маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ватанӣ бо нархҳои арзон ба фурӯш бароварда шуд. Бояд қайд намуд, ки давоми як ҳафтаи охир дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб нархҳо ба танзим даровада шуда, ба ҳолати санитарию эпидимеологӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Кормандони бозори мазкур ният доранд, ки минбаъд низ чунин ярмаркаҳоро ташкил намоянд то шаҳрвандон тавонанд маҳсулоти заруриро бо нархҳои нисбатан арзон дар рӯзҳои ид дастрас намоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






