МАҶМАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 8, 2010 11:20

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва маблағгузории ширкати хусусии «Ромсар» дар шаҳри Душанбе маҷмааи варзишӣ ва корти тениси «Тоҷварз» бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  7 сентябри соли ҷорӣ зимни маросими расман кушодашавии ин маҷмааи варзишӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҷавононро ба он даъват намуд, ки барои тақвият додани солимӣ ва рушди варзиш дар ҷумҳурӣ аз иншооти варзишии мамлакат самаранок истифода намуда, дар самти боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин, дар толори нави варзишӣ варзишгарони ҷавон аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш ҳунарнамоӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки 7 сентябр Маликшо Неъматов ҳамчунин бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқот карда, аз дастовардҳои солҳои охири ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуд.

Сентябрь 8, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад