МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДАНҒАРА
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 cентябр дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара мактаби нави замонавӣ барои 320 хонанда ба истифода дода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок карда, ба хонандагон интизоми намунавӣ ва хониши хубу аълоро таманно кард. Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактаб замонавӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи Бонки рушди исломӣ сохта шудааст. Мактаб дорои тамоми шароити таълимӣ, аз ҷумла синфи компютерӣ, толори варзишӣ ва синфхонаҳои фаннӣ буда, бо тамоми воситаҳои таълиму тадрис муҷаҳҳаз гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






