МАРГ БАР АСАРИ САДАМА

Сентябрь 7, 2010 13:49

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 6 сентябри соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Худойназаров Бахтиёр, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Ҷилликӯл ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷилликӯл ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Гогол аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чапи роҳ ба ҷарии чукуриаш тахминан 27 м чаппа мешавад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа мусофири автомашинаи номбурда ноболиғ Суюнов Сухроб, соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандаи деҳаи Гогол аз сабаби гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад. Мусофирони дигар Суюнова Марҷона, соли таваллудаш 2002 ва Гулиева Умеда, соли таваллудаш 1977, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуданд. Инчунин, рӯзи 6 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2101 Ҷониев Абдулазиз, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҳисор ба тарафи шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Набиев Саидҷони 10 – соларо пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ Набиев С. зарари ҷисмонӣ гирифта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Сентябрь 7, 2010 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад