МАРКАЗИ НАВИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ
Турсунзода, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар шаҳри Турсунзода маркази хусусии ташхисиву табобатии «Луқмони Ҳаким» ба кор шурӯъ кард. Маркази мазкур бо таҷҳизоти навтарини ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз буда, беҳтарин табибони баландихтисос дар ин ҷо фаъолият доранд. Асадулло Очилдиев, Маҳтоб Махсумова, Абӯалӣ Умаров, Турсуной Шомиева , Усаралӣ Мухторов табибонеанд, ки дорои таҷрибаи бой буда, дар шаҳру ноҳияи Турсунзода соҳибэҳтироманд. Ба фаъолият оғоз кардани маркази мазкур имкон медиҳад, ки беморон бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ аз ташхиси аниқу дақиқ гузашта, дар ҳамин ҷо табобат гирифта, шифо ёбанд, зеро дар ин ҷо таҷҳизоти ташхисие ҳастанд, ки дар ҷумҳурӣ камназир аст. Тавре Асадулло Очилдиев- сардори маркази мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, баробари ба фаъолият оғоз кардани ин дармонгоҳ 22 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






