МИРЗОАЛӢ БОЛТУЕВ БА ВЕНА РАФТ

Сентябрь 14, 2010 12:10

Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади иштирок  дар семинари  таъҷилӣ оид ба масъалаи овоздиҳии электронӣ 14 сентябр Раиси  Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев ба пойтахти Австрия — шаҳри Вена сафар кард. Семинари мазкур рӯзҳои 16-17 сентябр таҳти васояти Раисии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо гузаронида мешавад. Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар семинар Мирзоалӣ Болтуев  дар мавзӯи райъдиҳии электронӣ маърӯза менамояд.  Дар семинар намояндагони ассамблеяҳои парлумонҳо, институтҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти интихоботӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ,  кишварҳои  иштирокчӣ ва давлатҳои шарики САҲА иштирок менамоянд.  Интизор меравад, ки дар семинар имкониятҳои гузариш ба шакли овоздиҳии электронӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, танзими ҳуқуқӣ ва мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳии электронӣ ва рушди минбаъдаи овоздиҳии электронӣ дар фазои кишварҳои узви  САҲА баррасӣ мешаванд.  

Сентябрь 14, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад