МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАҲОИ ВАО ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 16, 2010 16:15

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 17 сентябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ. Журналистикаи пурмасъулият. Хатарнокӣ ва вазифаҳое, ки дар назди нашриёт меистанд, дар мисоли корҳои судӣ ба муқобили ВАО дар кишварҳои ИДМ» баргузор мегардад. Он аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмиллалии Интернюс Нетворк ташкил шудааст.             Барои иштирок дар кори мизи мудаввар ноширон ва муҳаррирони ВАО даъват шудаанд.             Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур ҳуқуқшинос ва коршинос аз Санкт-Петербург Станислав Сандаков иштирок менамояд.             Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои судӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ба муқобили ВАО, муҳаррирон ва рӯзноманигоронро дар кишварҳои гуногуни ИДМ муҳокима менамоянд.                 Мизи мудаввар дар бинои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мегардад.  

Сентябрь 16, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад