МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО САФИРИ ПОКИСТОН

Сентябрь 4, 2010 14:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон  Халид Усмон Кайсарро ба ҳузур пазируфт. Халид Усмон Кайсар дар оғози мулоқот ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардориро тақдим намуд. Осиф Алӣ Зардорӣ  Эмомалӣ Раҳмонро даъват намудааст, ки ба Покистон сафари расмӣ анҷом бидиҳад. Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ки солҳои ахир рў ба инкишоф ниҳодаанд, баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми Покистон бинобар обхезии шадид, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти беандозаи иқтисодӣ гаштааст, изҳори ҳамдардию тасаллият карда, таъкид дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба осебдидагони ин офати табиӣ кўмаки башардўстона расонад. Таваҷҷўҳи зиёд ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла тавофуқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Русия зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳо баҳри бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон бояд тезонда шаванд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.

Сентябрь 4, 2010 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад