МУЛОҚОТИ ГУЛ ШЕРАЛӢ БО СТРУАН СТИВЕНСОН
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вакили парлумони Иттиҳоди Аврупо Струан Стивенсон мулоқот намуд. Дар ибтидо Вазири энергетика ва саноат оид ба имкониятҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва тавлиду истифодаи барқи аз ҷиҳати экологи тоза, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди НБО-ҳои хурд дар ҷумҳурӣ, хатҳои интиқоли барқӣ бо мақсади ба ҳамдигар пайваст намудани шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Қайд карданд, ки иштироки ширкату муассисаҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар барномаҳои зикргардида имконпазир ва мувофиқи мақсад мебошад. С.Стивенсон дар навбати худ оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи муҳити зист, вазъи экологии баҳри Арал ибрози назар намуда, ҳамоҳангсозӣ ва тавсия бахшидани ҳамкориҳоро вобаста ба масъалаҳои мазкур қайд намуд. Дар мулоқот раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ёров А. иштирок намуд. Дар назар дошта мешавад, ки ҷаноби С.Стивенсон аз НБО «Норак» боздид ба амал меорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






