МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО МАРДУМОНИ СУҒДУ ХАТЛОН

Сентябрь 17, 2010 11:19

      Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ҷамоати «Янгиҳаёт» ва «Катаған»- и ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова, вакилон Талбак Салимов ва Мақсуда Салимова бо сокинони ин ҷамоатҳо доир шуд.      Дар мулоқот вакилон бо интихобкунандагон доир ба фаъолияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар чор моҳи охир, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ, омодагии мардум ба мавсими тирамоҳу зимистон, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар кишвар ва омодагӣ ба  ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.      Тибқи иттилои сардори хадамоти иттилоотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, чунин вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар вилояти Хатлон бо ҳузури вакилон Амирбек Маҳмадалиев,  Ҳабибулло Саъдуллоев ва Сафаралӣ Гулов низ доир шуд.  

Сентябрь 17, 2010 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад