МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲР ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД

Сентябрь 15, 2010 14:51

Душанбе, 15 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 23 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум баргузор мегардад.         Дар иҷлосия дар назди вакилон  муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров доир ба ҷараёни  тадбирҳои омодасозии  ҳамаҷонибаи пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони  солҳои 2010-2011 ҳисобот медиҳад.        Ҳамзамон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳматулло Таваров перомуни «Барномаи  рушди сохтмони  манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» гузориш медиҳад.         Дар ҷараёни иҷлосия тасдиқи як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.        Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, вобаста ба масъалаҳои иҷлосияи  сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Сентябрь 15, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад