НАШРИ КИТОБИ ТОҶИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Нависанда ва рӯзноманигори тоҷикзабони муқими Ӯзбекистон Юнуси Имомназар китоби нави худро бо унвони «Аз санг сахт, аз гул нозук» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард. Юсуфи Имомназар то ин фурсат бештари нигоштаҳои хешро аз тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» манзури хонандагон кардааст. Маҷмӯа аз достонҳои кӯтоҳ, қисса, мақолаҳои мухталифи таҳлилӣ ва фарҳангӣ иборат буда, масоили муҳими мухталифи иҷтимоӣ, мушкилоти рӯзгори муосир ва равишҳои ҳаллу фасли онро бо диди тоза фаро гирифтааст. Унвони китоб аз номи яке аз қиссаҳои дар он ҷойдода гирифта шудааст, ки ба таъкиди нависанда аз рӯзгори падари ӯ нақл мекунад. Юнуси Имомназар дастпарвари факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1996 то 2000 дар бахши форсии барномаҳои бурунмарзии радиои Ӯзбекистон фаъолият бурдааст. Айни ҳол дар яке аз ширкатҳои эронии Ӯзбекистон «Шимбар» кор мекунад ва ҳамзамон машғули фаъолияти эҷодӣ мебошад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






