НОРАВШАНӢ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Сентябрь 21, 2010 15:26

          Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи омори назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти   саноати сабук дар 8 моҳи соли ҷорӣ 266,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4, 9 фоиз кам аст. Дар ин муддат истеҳсоли корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ 87,3 фоиз, газворҳои пахтагин 93,3, абрешим – 95 ва кешбофӣ 98,4 фоиз кам шудааст.             Дар айни замон, корхонаҳои саноати  дӯзандагӣ дар ҳаҷми 146,6 фоиз истеҳсоли маҳсулотро  зиёд карданд.             Аз 146 корхонаи соҳа 48,6 фоизашон  истеҳсоли маҳсулотро  нисбат ба сатҳи моҳҳои январ – августи соли 2009 зиёд намуданд.             Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ,  бо вуҷуди саривақт додани барқ ва  таъмини саноат бо ашёи хом  истеҳсоли нахи пахта дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз, чигит-54,6, калобаи пахтагин- 63,8, газвори пахтагин   61,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он то имрӯз норавшан аст.  

Сентябрь 21, 2010 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад