ОМӮЗИШИ РОҲҲОИ ДАРЁФТИ АШЁИ ХОМ БА КОРХОНАҲОИ НАССОҶИИ КИШВАР

Сентябрь 14, 2010 14:48

Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва бо мақсади таълими роҳҳои дарёфт ва хариди ашёи хом ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, мушовири байналмилалии Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) Дорин Тан ба Душанбе меояд.  Барномаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.       Зимни сафари кории худ Дорин  Тан аз баъзе корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар боздид намуда, 21-22-юми сентябр дар Душанбе семинари омӯзиширо баргузор менамояд.       Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнлмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  ба иштирокчиёни семинар асосҳои харид ва таҳвили ашёи хом,  ҳамчунин,  роҳу усулҳои дарёфти тавлидгарони ашёи хом ва муайян намудани сифати маҳсулоти онҳо омӯзонида мешавад. Ҳамзамон,  иштирокчиёни он бо даҳгонаи аввали кишварҳои содиркунандаи матоъ ошноӣ пайдо карда, дар бораи талаботи умумӣ ва шартҳои бастани қарордодҳои байналмилалии тиҷоратӣ маълумот хоҳанд гирифт.  Илова бар ин, ҳангоми дарсҳои амалӣ ва намоиши наворҳои видеоии озмоишгоҳи санҷишӣ, корхонаҳо,  услубҳои мустақилона муайян кардани сифати матоъро хоҳанд омӯхт.     Дар семинар роҳҳои дарёфт ва хариди маводи лозима, санҷиш ва назорати матоъ, асосҳои нассоҷӣ, омодагӣ ва омӯзиши аҳамияти сафарҳо ҷиҳати харидории матоъ ва омодагӣ ба намоишгоҳи Шанхай баррасӣ мешаванд.

Сентябрь 14, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд