ОЗМУНИ УСУЛҲОИ НАВОВАРОНА
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии мамлакат ҷамъбасти озмуни «Тарзи беҳтарини идораи хоҷагии фермерӣ» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосимҷон Қосимов ширкат намуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ барномаи «Мусоидат баҳри ташкили хадамоти машварати миллии кишоварзӣ дар Тоҷикистон (SENAS) бо дастгирии Вазорати Кишоварзӣ дар мавзӯи «Тарзи беҳтарини идораи хоҷагии фермерӣ» озмун эълон намуд. Мақсади ин барнома аз ошкор намудани таҷрибаҳои пешқадам (инновационӣ), кори самараноки фермерон ва мушовирон, ҳавасмандкунии деҳқонон ва мушовирон ба ворид намудани технологияҳои пешқадам ва паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадам дар байни дигар деҳқонон иборат буд. Барои иштирок дар озмун 22 пешниҳод қабул гардид. Мувофиқи шартҳо аз ин 22 пешниҳод 13-тоаш аз тарафи комиссия рад карда шуд. Нӯҳтояш интихоб гашта дар ҷойҳо омӯхта шуданд. Мавзӯҳои асосии пешниҳодҳои навоварона инҳо буданд: парвариши сабзавоти барвақтӣ бо ниҳол дар гармхонаҳо, парвариши сабзавот дар гармхонаҳои оддӣ, обёрии қатрагин, бо парварда парвариш намудани тарбуз ва шолӣ, парвариши якҷояи помидор ва ҷуворимакка, парвариши пахтаи органикӣ. Аз нӯҳ пешниҳод сетоаш интихоб гардид ва инҳо соҳиби ҷоиза гардиданд. Ҷоизаи аввал-5000 сомонӣ буда, онро деҳқон аз ноҳияи ба номи Рӯдакӣ Солиев Ҳикматулло барои таҷрибаи навовар «Парвариши помидори барвақтӣ дар гармхона бо истифодаи усули қатраобёрӣ» соҳиб гардид. Ҷоизаи дуюм — 3000 сомонӣ буд, ки он ба деҳқон аз ноҳияи Ҳамадонӣ Мадалиев Бобомурод барои таҷрибаи навоваронаи «Парвариши якҷояи помидор бо ҷуворимакка» супорида шуд. Ҷоизаи сеюм 2000 сомонӣро деҳқон Кӯчмуродов Неъматулло аз ноҳияи Панҷакент барои таҷрибаи навоваронаи «Парвариши шолӣ бо усули парварда (кӯчатшинонӣ)» соҳиб гардид. Боварии комил дорем, ки дар Тоҷикистон таҷрибаҳои навоварона зиёда ҳастанд ва онҳоро дар байни дигар фермерон паҳн намудан зарур аст. Исбот карда шуд, ки фермерон нисбат ба нақли мушовирон таҷрибаи фермерони дигарро зудтар азхуд менамоянд. Бояд гуфт, ки баъд аз намоиши натиҷаҳои озмун фермерону мушовирон барои истифодаи усулҳои пешқадами инноватсионӣ бештар ҳавасманд мегарданд.








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






