РӮЗҲОИ ФАРҲАНГ ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО

Сентябрь 30, 2010 11:03

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 7 то 11 октябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Руссия гузаронида мешавад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ баргузории маҳфили эҷодӣ ва мулоқоти иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Руссия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷуёни Консерваторияи миллии  Тоҷикистон, ифтитоҳи намоиши аксҳо дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои ҳунарии истеҳсоли Руссия дар кинотолори ба номи А.Ҷомӣ, дарси маҳорати хореографӣ бо иштироки ҳунармандони театри «Балети Кремл» ва ҳунармандони театри давлатии опера ва балети ҷумҳурӣ, хонандагони Коллеҷи хореографии ба номи М.Собирова дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Руссия дар Тоҷикистон нишасти матбуотии роҳбарон ва иштирокчиёни ин чорабинӣ дар вазорати фарҳанг доир мегардад. Дар назар аст, ки рӯзи 9 октябр дар театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти ҳунарпешаи халқии Руссия Роман Карсев ва худи ҳамин рӯз ҳунарнамоии  ҳунарпешагони театри «Балети Кремл» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Руссия Андрей Петров гузаронида мешавад. Дар доираи баргузории ин рӯзҳо меҳмонон ба дараи зебоманзари  Варзоб сафар намуда, аз ҷойҳои дигари хушманзараи диёрамон, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар боздид ба амал  меоранд.                         

Сентябрь 30, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад