САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР НОҲИЯИ БОХТАР

Сентябрь 14, 2010 17:36

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –13 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» Аюбов Асадулло (соли таваллудаш 1974) истиқоматкунанди ноҳияи Восеъ, соҳибкор, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Бегматов Рӯзибой (соли таваллудаш 1951) истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷилликул, бархӯрда, ба тарафи чапи роҳ чапа мешаванд. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» ва мусофиронаш Бегматов Маҳмадгурез (соли таваллудаш 1992) ва Ҳайитова Давлатбӣ (соли таваллудаш 1978) ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бегматов М. аз гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Инчунин, ронандаи «Хундай-Старекс» Худойназари А., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.

Сентябрь 14, 2010 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад