«СЕ ХОҲАРОН» ДАР МАЯКОВСКИЙ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар арафаи таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон 7 сентябр дар чаҳорчӯби фаъолияти Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиёӣ»-и Намояндагии Русия дар Тоҷикистон дар театри драмавӣ-русии ба номи В. Маяковский чорабинии хайриявӣ бахшида ба ин санаи муҳим доир мегардад. Дар ин рӯз тамошобинон намоишномаро аз рӯи асари нависанда ва драматурги барҷастаи рус Антон Чехов «Се хоҳарон» тамошо менамоянд. Шакли классикии намоишномаи мазкур дар таҳияи Ҳунарманди Хизматнишондодаи ҶТ Барзу Абдураззоқов, ки ҳамзамон муаллифи ороиши саҳна низ мебошад, ба саҳна гузошта шудааст. Намоишнома дар бораи одамоне, ки дӯст доштан, эҳсос кардан ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, нақл мекунад. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъомад, симпозиуму нишастҳо, барномаҳои консертӣ, намоиши маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунарҳои халқӣ баргузор мегардад. Тарҷумаи М. Анварӣ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






