ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ САРҲАДБОНОН
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар маросими ифтитоҳи бинои омӯзишгоҳи олии сарҳадбонон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кэн Гросс, генерал-майор Шералӣ Мирзо ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Шералӣ Мирзо ба сафорати ИМА барои кӯмакҳояш миннатдорӣ баён намуда, изҳор кард, ки амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур шароити маишӣ ва омӯзонидани курсантонро беҳтар менамояд, ки ин ҳамзамон ба сифати тайёр намудани кадрҳо барои қӯшунҳои сарҳадӣ мусоидат менамояд. Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2009 оғоз гардида, дар ду давра сурат гирифт. Марҳилаи аввал, ки моҳи феврали 2010 ба охир расид, корҳои аз миён бардоштани иморатҳои кӯҳна, таъмири пурраи бинои хобгоҳ ва бо оби хунук ва гарм таъмин намудани ҳаммомҳои бинои хобгоҳро дар бар гирифт. Дар даври дуввум, ки аввали ин моҳ ба охир расид, бинои ошхонаи нав, варзишгоҳ, майдонҳои мошинмонӣ, дидбонгоҳи тафтиши шиносномаҳо сохта шуда, омӯзишгоҳ бо трансформатори нав ва шабакаи нави гармкунӣ таъмин гардид. Бахши Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи қонунӣ корҳои азнавсозии биноҳои омӯзишгоҳи олии сарҳадбонон ва муҷаҳҳазкунии онро маблағузорӣ намуд. Бояд гуфт, ки буҷети лоиҳаи мазкур такрибан 3,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бахши Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи қонунӣ аз соли 1992 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар иҷрои лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба маблағи умумии зиёда аз 44 миллион доллари амрикоӣ ҳамкорӣ намудааст








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






